Нозирони давлатии метрологӣ дар 360 корхона ва муассисаҳои давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузарониданд

Аз тарафи нозирони давлатии метрологӣ дар 360 корхона ва муассисаҳои давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуда, дар натиҷа аз 159 655 адад воситаҳои ченак 66 994 ададаш бо сабабҳои муҳлати санҷишашон гузашта ва ё таъмирталаб будан, корношоям ҳисобида шуданд.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоиён баён дошта, илова намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ба миқдори 245 372 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, 11 066 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1459 кг равғани растанӣ, 1351 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 5819 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 328 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1168 кг консерва, 112 352 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии соҳибкорони масъулиятшинос,  94 902 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, дархост ворид гардида ба анбори нигоҳдории Агентии Тоҷик стандарт супорида шудааст.

Гулрӯ Ниёззода,

радиои «Тоҷикистон»