Шервонӣ Мабатшоев бозингари тими мунтахаби Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл дастаи «Капаз»-и Озарбойҷонро тарк карда буд, ба ҳайати тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода пайваст.
Дар ин бора бошгоҳи шаҳри Турсунзода дар саҳифаи инстаграми худ хабар додааст.
«Регар-ТадАЗ» имсол Тоҷикистонро дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-юми Осиё муаррифӣ мекунад ва Шервониро ҳам даста махсус барои ҳамин мусобиқа ҷалб кардааст.
Охирон дастаи Шервонӣ Мабатшоев — ин «Капаз»-и Озарбойҷон буд. Бозингари тими миллии Тоҷикистон дар ин даста як сол ҳунарнамоӣ карда, дар 15 бозӣ ба майдон баромад ва ба задани 2 гол даст ёфтааст.
Шервонӣ ҳамчунин дар дастаҳои «Барқӣ»-и Ҳисор (2017-2018), КМВА (2019-2021) ва «Истиқлол» (2021-2025) бозӣ кардааст.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»