Афзоши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар шаш моҳи аввали соли 2025

Аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 13089 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 534 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад, ки ин 4 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 115 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.  Дар ин хусус Директори Агентии мазкур Самад Зафар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ дар ҷумҳурӣ гуфта шуд, ки дар ин давра 3 т 107 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки ин нишондод нисбат  ба соли 2024 10 кг 388 гр зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар давраи ҳисоботӣ 155 кг 536 гр моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки ин дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли гузашта 85 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, сатҳи нашъамандӣ дар ин давра коҳиш ёфта, шумораи нашъамандон дар қайди расмибуда дар ин нимсола  4002-нафарро ташкил дод, ки ин  назар ба давраи соли 2024 1, 6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ниҳояти кори нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 40 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаҳои хело паст аст.

О. Шарипова

радиои “Тоҷикистон”