Ба наворгирии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» аз аввали моҳи августи соли равон оғоз мешавад

Соли 2025, 6 филми ҳунарии пурра барои наворбардорӣ пешниҳод гардидааст, ки аз ин 4 — тояш дар ҳамкорӣ бо кинематографистони хориҷӣ мебошад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» хабар дода гуфт, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳамзамон 7 филми мустанад аз қабили «Ҳофизи Шерозӣ — пайвандгари тамаддунҳо», «Ҷозибаи Вахш», «Абӯалӣ ибни Сино», «Қаҳрамони Тоҷикистон — Бобоҷон Ғафуров», «Қалъаи Хуҷанд», «Шеруя Шаҳболшоев- созтарош ва оҳангсози асл», «Ошёни об» ва 1 филми тасвирӣ дар маҷмуъ 16 лоиҳа барои наворбардорӣ тавсия дода шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, ки наворбардори филми муштараки таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» аз аввали моҳи августи соли равон оғоз гардида, дар ҳудуди Тоҷикистон то охири моҳи сентябр идома мекунад. Ба таъкиди ӯ то ба имрӯз барои ба наворгирии саҳнаҳои филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» 6500 адад реквизит сохта ва 1500 нусха китоб ҷамъоварӣ шуданд.

Дар идомаи нишаст Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, ки дар доираи Дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе- «Тоҷи Сомон» баргузории Рӯзҳои кинои як қатор давлатҳои хориҷи кишвар, дарсҳои Устод ва шогирд, Форуми байналмилалии синамоӣ бахшида ба 60-солагии коргардони машҳури тоҷик, шодравон Бахтиёр Худойназаров, Шурои директорони давлатҳои аъзои ИДМ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳаи синамо дар нимсолаи аввал дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мактаби синамогарони ҷавон ба номи Муҳаббат Сатторӣ ба фаъолият оғоз намуд. Он аз 1-уми сентябр довталабонро ба таҳсил фаро мегирад. Давомнокии таҳсил 5 моҳ буда, дар се моҳи аввал дарсҳои назариявӣ ва давоми 2 моҳи дигар корҳои амалӣ бо наворбардории 2 филми таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»