Тими ҷудои Тоҷикистон мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam -2025-ро дар мавқеи 10-ум ба анҷом расонид

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam — 2025-ро бо ба даст оврадани як медали нуқра, дар мавқеи 10-ум ба анҷом расонид.

Мусобиқаи сайри навбатии ҷудо ё худ Ulaanbaatar Grand Slam — 2025 давоми 3 рӯз, аз санаи 25-ум то 27-уми июл дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон доир гардид.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар он 236 варзишгар, 142 мард ва 94 бону аз 28 кишвари ҷаҳон дар 7 вазнӣ миёни ҳам рақобат карданд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 12 варзишгар муаррифӣ карданд, ки аз он 10 мард ва 2 зан буданд. Аз 12 варзишгари мо танҳо як нафар, Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73 кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Ба ҳамин тартиб Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни 28 кишвари иштирокчӣ ҷои 10-умро ишғол кард.

5-гонаи аввали мунтахабҳое, ки шумораи бештари медалҳои мусобиқаро ба даст овраданд, инҳоянд:

  1. Ҷопон 12 медал — 6 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ;
  2. Муғулистон 11 медал — 3 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ;
  3. ФБҶ (варзишгарони бетараф) 10 медал — 1 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ;
  4. Ӯзбекистон 2 медал — 1тилло ва 1 нуқра;
  5. Фаронса 2 медал — 1 тилло ва 1 биринҷӣ;
    Ҳамчунин аз руи медалҳои бештари мусобиқа тимҳои
    мунтахаби ҷудои Украина, Португалия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Хорватия дар 10-гонаи аввал мавқеъ пайдо карданд.

Рустам Зоиров

радиои «Тоҷикистон»

Акс аз ФБҶ