Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нимсолаи якуми соли 2025 фаъолияти 39 адад мақомоту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатиро мавриди назорату санҷиш қарор дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад зиёдтар мебошад. Чунин баён дошт, имрўз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода.
Кумита ҷиҳати иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 266 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати мутобиқати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намудааст.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 245 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд дар асоси хулосаи Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумита хулоса пешниҳод шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 666 адад камтар мебошад. Сабаби кам муроҷиат кардани шаҳрвандонро Кумитаи мазкур ба қабул гардидани қарори ҲҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» арзёби карданд.
Г. Ниёзова
радиои «Тоҷикистон»