Ворид гардидани 38 муроҷиат ба Маркази миллии қонунгузорӣ дар 6 моҳи аввали соли 2025

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 адад муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 муроҷиат шифоҳӣ, 6 хаттӣ, 7 электронӣ ва 5 телефонӣворид гардидааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур, директори марказ Изатулло Саидзода иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ аз ин шумора, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ 34 адад ва муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ 4 ададро ташкил дода, 11 адади он ба Вилояти Хатлон, 2 адади он ба Вилояти Суғд, 21 адади он ба шаҳри Душанбе ва 4 адади он ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»