Сохтани 272 иншоот аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ дар замони истиқлоли давлатӣ

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 272 иншоот ба маблағи 536 миллиону 843 ҳазору 160 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумазода, зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки иншоотҳои мазкур на аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, балки аз ҷониби иқоматкунандагони зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ бунёд шудааст.

Ҳамчунин манбаъ илова намуд, ки дар соли 2025 сохтани 127 иншооти дигар ба маблағи 336 миллиону 549 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамвататони бурунмарзиамон дар назар аст.

Зоирзода Р.

радиои «Тоҷикистон»