Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҲҶТ дар нимсолаи аввали соли 2025 3786 корхона ва 16684 объектҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва зонзироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва объектҳои бақайдгирифташуда назорати ғайринақшавӣ гузаронида шудааст. Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 94 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназорат 6 санад-нишондод пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 103 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 542910,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда 71 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Дар корхонаву объектҳои зериназоратии Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳамагй 24 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 18 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавй мебошад.
Барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбати 6 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 22 шахсони мансабдор ва 4 шахсони воқей аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 173700,0 сомониро ташкил додааст.
Ба 38 нафар зарардидагон (аз ҷумла 18 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқей дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина, инчунин кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблағи 4302510,0 сомонӣ расонида шуд.
Ш. Аҳмад