Баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ нисбати бемории буғумдард дар байни 434469 сар чорвои калони шохдор ва майда санҷиш гузаронида, аз саршумори умумии санҷидашуда 419 сар чорвои мубталои бемории буғумдард муайян карда шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбати бемориҳои буғумдард ва сил мутаносибан ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад. Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ аз ҳисоби фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ба миқдори 578 400 воя ваксина бар зидди бемории вабои сумдард, ба миқдори 150000 воя ваксина бар зидди брутселлёзи моли майда ва 694500 воя ваксина бар зидди гули гӯсфандону бузҳо ва ғайра бо эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шудааст.
