Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 омӯзиши геологии каъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд. Корҳои омўзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 30 лоиҳа ба маблағи 7 788 421,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишиӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд.
Корҳои шартномавӣ ва корҳои пудратӣ аз рӯи 115 лоиҳа ба маблағи 6 274 275,0 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар маҷмӯъ корҳо бо усули хоҷагидорӣ 14 062 696,0 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-66900,0 сомонӣ зиёд иҷро гардид, ки суръати афзоиш 100,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввал зерсохторҳои Саридора корҳои омӯзиши геологиро, ки аз гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷуӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, аксбардории топографӣ, аксбардории геологӣ, иктишофи магнитии миқёси 1:10 000, корҳои хандакканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, сохтмон ва барқароркунии роҳ, омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасон иборат буданд, анҷом доданд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Соли 2024 дар қитъаи Саримарди Нав бо истифода аз нишондоди маҳакҳои чуянӣ аз хандақҳо гирифташуда як танаи маъданӣ бо дарозии 100м, ғафсии миёна 7м ва файзнокии миёнаи тилло 0,96 г/т (аз 0,8 то1,2 г/т) муайян гардид.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”