ҲАМСОЯ АГАР ВАФО КУНАД, ХЕШИ МАН АСТ!

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ дар бобати вожаи «ҳамсоя» омада аст, ки ҳамсоя, ҳамҷавор – он ки хонааш бо хонаи каси дигар девор ба девор, бе восита пайваст ё хеле наздик бошад. Бо ин маъни Ҳофизи Шерозӣ мефармоянд:

Аз адолат набувад дур, гараш пурсад ҳол,
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя гадое дорад.

Таърих собит намудааст, ки ҳама гуна мушкилоти дар роҳи зиндагии башарият бо ҳар гуна зуҳуроту падидаҳо бавуҷудомада боз таҳти таъсири омилҳову сабабҳои мухталиф аз миён мераванд. Дар фаровард ё авҷи ҳар як сохтору низоми нописандида ва тамоюлҳои хилофи орзуву омоли халқу миллатҳо ақли солим ғалаба менамояд ва роҳи саодати инсоният кушода мешавад. Кишвари азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ муносиботи дӯстона, ҳусни ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои дуру наздикро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар қарор додааст.

Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”.

Солҳои қаблӣ масъалаи сарҳадии байни кишвари мо ва давлати қирғиз ба амал омада, ба як мушкилоти мураккабу пурпечутоб бадал гашта буд. Баъзе қувваҳои манфиатхоҳ мехостанд бо ҳар роҳу восита муносибати байни давлати дӯсту бародари қирғизро бо Тоҷикистон сард намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки 519 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Ба далели пурра мушаххас набудани хатти марз байни сокинони ду кишвар бо баҳонаҳои гуногун низоъ сар мезанад. Задухӯрди мусаллаҳонае, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад мардуми моро хеле ғамгин намуд.

Маҳз дар заминаи вохӯриву мулоқоти пайвастаи сарварони ҷумҳуриҳои дӯсту бародар ва қабули созишномаҳо муносибатҳои байнидавлатӣ равнақ ёфта, ҳамкориҳо аз сатҳи баланди давлатӣ то сатҳи шаҳру вилоятҳои алоҳидаи Тоҷикистону Қирғизистон вусъат пайдо намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид.

Барои халқҳои тоҷику қирғиз хурсандиовар он буд, ки ду сарвари оқилу хирадманд — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сиёсату муносибати неку ибратомӯзи худ барои амалӣ сохтани орзуҳои чандинсолаи онҳо саъй намуданд. Акнун сокинони ҳар ду кишвар итминон ҳосил намуданд, ки мушкилоти марзӣ ҳал гардид, рафту омади озодонаву бемонеаи одамон, иртиботи нақлиётӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ таъмин шуда, дар соҳаҳои вобаста ба энергетика, сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим навовариҳои судманд ба миён меоянд.

Имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва ба тафовути забонӣ нигоҳ накарда, ҳамдилии мо бо халқҳои бародар ҳамаи монеаҳоро убур кардааст. Хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки сулҳу ваҳдати миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад.

Мо мардуми тоҷику қирғизро лозим аст, ки ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда, ба хотири ояндаи дурахшони кишварҳоямон аз пайи зиндагии осоиштаи хеш бошем то ки сазовори эҳтироми якдигар гардем. Боиси ифтихор аст, ки мо мардуми Тоҷикистон дар фазои ором озоду обод зиндагӣ дорем ва сарваре дорем, ки барои ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсомез таҷрибаи бои сиёсӣ ва сулҳофарии қудрати ҷаҳонидоштаро дорост.

Дар охир як нуқтаро қайд менамоем, ки бузургон гуфтаанд:

Ҳамсоя, ки огаҳ зи каму беши ман аст,

Бегонаю лек марҳами реши ман аст,

Ҳамсояи бегона парастам, чи аҷаб?

Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст!

Раҷабов Ш.Х., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои
байналмилалии факултети химияи ДМТ