Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Малдив Моҳамед Муиззу супорид.
Тевре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи мамлакат хабар додааст, зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Малдив расонид. Президенти Малдив ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои туризм, маорифу илм, тиҷорату сармоягузорӣ ва дигар ибрози назар намуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив шашуми октябри 1993 барқарор шудааст.