Баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар мавзӯи «Ташаккули малакаҳои устувори ҳайёти солим дар оила ва ҷомеа»

Имрӯз дар толори хӯрди маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар мавзӯи «Ташаккули малакаҳои устувори ҳайёти солим дар оила ва ҷомеа» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои марбута, сохторҳои дахлдор ва аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш қайд гардид, ки оила муҳимтарин ва муқадастарин ячейкаи ҷомеа ба шумор рафта, пайваста мавриди таваҷҷуҳи давлат ва  Ҳукумати кишвар  қарор дорад. Новобаста аз  иқдомҳои пайгирона ва дастгириҳои пайваста ҳамоно дар ин самт мушикилиҳо ҷой дорад, ки инро метавон дар пошхӯрии оилаҳо, арзёбӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки дар  5 моҳи  соли равон 3534  оила пош хӯрдааст, ки ин боиси нигаронист.

Инчунин гуфта шуд, ки оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаю давлат ва парваришгоҳи аслии насли башар маҳсуб меёбад. Арзишҳои анъанави оилавӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ агар таъмин нагардад, ҷомеа рӯ ба таназзул  медиҳад. Бо назардошти муҳимияти нақши оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва нигоҳ доштани оила ҳамчун арзиши ивазнашаванда аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста силсила чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ ва ахлоқӣ гузаронида мешавад.  

Инчунин дар рафти ҷаласа аз ҷониби дигар иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои марбут ба оила маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид. Дар ниҳоят кори ҷаласа чанд нафар аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳури Тоҷикистон бо ифтихорномаю сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назли Ҳукумати кишвар қадрдонӣ шуданд.

О. Шарипова

радиои “Тоҷикистон”