Китоби публисист Алихон Зарифӣ бо номи «Вақте ки офтоб тулӯъ мекард» рунамоӣ гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рунамоии китоби публисист Алихон Зарифӣ бо номи «Вақте ки офтоб тулӯъ мекард» баргузор гардид. Ин маҳфил бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он устодону собиқадорони соҳаи журналистика ва муҳаққиқону публисистон иштирок ва доир ба кору рӯзгори Алихон Зарифӣ суханронӣ карданд.

Дар маҳфил Зиннатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони мамлакат баромад карда, иброз намуд, ки пеш аз ин 8 китоби дигари Алихон Зарифӣ чоп гардидаю пешниҳоди хонандагон гардонида шудааст. Ба гуфтаи ӯ китоби «Вақте ки офтоб тулӯъ мекард» аз се қисмат иборат буда, маҷмӯаи очерку лавҳаҳои публисисти пурмаҳсул —  Алихон Зарифӣ мебошад.

Дар идома Аламхон Кучарзода Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки Алихон Зарифӣ дар очеркҳои худ муҳокимарониҳои хубу ба маврид дорад. Зеро Алихон Зарифӣ қаҳрамонҳои худро аз наздик мешиносад, дар бораи онҳо маълумоти зиёд дорад ва барои очеркҳояш нафарони арзандаро интихоб мекунад.

Ҳамчунин дар маҳфил Обидҷон Саидзода директори радиои «Тоҷикистон» баромад карда, гуфт, ки Алихон Зарифӣ бисёр нафари пурталош ва хоксор ҳастанд. Барои офаридани як очерк ва ё барнома вақти зиёд сарф мекунанд. Мавзуъ ё қаҳрамони интихобкардаашонро хуб меомӯзанд. Ҳамин аст, ки маҳсули эҷодашон ҷолиб аст, — илова намуд, Обидҷон Саидзода директори радиои «Тоҷикистон».

Бояд гуфт, ки Алихон Зарифӣ ба ҳайси рӯзноманигор ва публитсист фаъолият кардааст. Дар публисистикаи ӯ лавҳа ва очерк мақоми хос дорад. Дар баробари ин бештар аз 600 гуфтору хонишҳои Алихон Зарифӣ ба хазинаи радиои “Фарҳанг” ворид гардидаанд, бештар аз сад гуфторашро очерк ва лавҳаҳои худи ӯ ташкил медиҳанд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»