Баррасии ҳамкориҳои молиявӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ — хонум Татяна Проскурякова, баргузор гардид.

Тавре сомонаи расмии Вазири молия навиштааст, мулоқот дар заминаи анҷоми фаъолияти хонум Проскурякова дар вазифаи директори минтақавии Бонки мазкур сурат гирифта, вазири молия барои дастгирии пайвастаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар пешбурди ислоҳоти молиявӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калидӣ изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки хонум Татяна Проскурякова дар давраи фаъолияташ дар таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Бо роҳбарии ӯ, як қатор барномаҳои муҳими зерсохторӣ ва бахши иҷтимоӣ бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардиданд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»