Дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор мегардад

Рӯзи 22- июни соли равон дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки «Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 янаври соли 2025, №АП-713 санаи 22 июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе «Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Дар «Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, зардолу ва хушкмеваҳои Тоҷикистон, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

Марҳабо, ба «Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон».