17 июн дар Қароргоҳи Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена (Австрия) ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА таҳти унвони «Саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирию мубориза бо радикалсозии онлайнӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд.
Дар ҷаласа сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода сухан намуд.
Намояндаи Тоҷикистон дар бораи иқдомоте, ки дар роҳи ҳифзи ҷавонон аз ифротгароии хушунатомез, ба хоса дар ҷаҳорчӯби «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2025-2030» амалӣ мегардад, гузориш пешниҳод намуд.