Ҳамасола иқтисодиёти ҷаҳон аз хушксолӣ 880 миллиард доллар зарар мебинад

Дар шароити болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ ва боришоти ноустувор, калонтарин минтақаҳои кишоварзии Осиё бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд. Оқибатҳо аллакай на танҳо ба кишоварзӣ, балки ба иқтисод ва амнияти озуқаворӣ низ таъсир мерасонанд,

Иқтисодиёти ҷаҳон аз хушксолӣ соле 880 миллиард долларро аз даст медиҳад. Хушкӣ ва биёбоншавӣ ба дараҷаи ниҳоят баланд расидааст. Тақрибан 40% тамоми захираҳои замин дар ҷаҳон аллакай таназзулшуда ҳисобида мешаванд. Ин равандест, ки боиси бад шудани ҳолати физикӣ, биологӣ ва химиявии хок мегардад. Чунин замин дигар барои кишту чарогоҳ мувофиқ нест.

Тибқи пешгӯиҳои СММ, бо суръати кунунии биёбоншавӣ, майдони заминҳое, ки ҳосилхезии худро аз даст додаанд, то нимаи аср метавонад то 90% афзоиш ёбад.