Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Конференсияи ҷумҳуриявӣ илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим — омили худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид. Конференсияи мазкур аз ҷониби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» роҳандозӣ шуда, дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маркази исломшиносӣ ва олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.
Дар конференсия Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим — ташаббус дар роҳи ислоҳи маънавӣ, иҷтимоӣ ва эътиқодӣ» маърӯза хонда, қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ба хотири некӯаҳволӣ, сарфаю сариштакорӣ ва муътадил ногоҳ доштани буҷаи мардум қабул шуда, он давоми 18 сол дар ин самт натиҷаҳои нек ба бор овард.
Дар идомаи конференсия Шаҳбоз Шосаидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар мавзӯи «Нақши анъанаҳо дар рушди давлатдории миллӣ» баромад карда, иброз намуд, ки рушду пешрафти ҳар як давлату миллат аз худшиносӣ ва худогоҳии мардумаш вобаста аст. Аз ин хотир ба маврид ва бо сарфи камтар гузаронидани маъракаҳо метавонад, ки ба буҷаи оила зарар нарасонда, боиси рушду пешрафти иқтисодиёти давлат шавад.
Дар идома олимону донишмандон ва коршиносони соҳа вобаста ба зарурияти қабул ва самаранокии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи рӯзи қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» аз тарафи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоишу канференсия доир мегардад, ки ҳадафи он ба самъи мардум расонидани манфиатҳои қабули қонуни мазкур мебошад. Бояд гуфт, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» 8 июни соли 2007 қабул гардида, имсол аз фаъоляти он 18 сол пур мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»