Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд.
Дар ин бора саҳифаи рӯзномаи Паёми Душанбе дар фейсбук хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»