Аз 22 то 24 май дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилаии «KIWIE – 2025» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ занон-ихтироъкорони тоҷик соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Дар намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихтироъкор аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар ихтироъкор иштирок намуда, 3 нафар ба таври ҳузурӣ ва 7 нафар ба таври маҷозӣ натиҷаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуданд. Инчунин 3 нафар занони мамлакат бо «Ҷоизаи махсус»-и дигар давлатҳо сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 то имрӯз занони тоҷик дар Намоишгоҳи «KIWIE» 79 медал, аз ҷумла 31 тилло, 27 нуқра ва 21 биринҷиро соҳиб гаштанд.