Имрӯзҳо дар кишварамон нуқтаҳои фуруши хӯрокҳои тезтаёр зиёд гардидааст, ки таркиби асосии ин гуна хӯрокҳоро нон ташкил медиҳад. Бехабар аз он ки истеъмоли ин гуна ғизоҳо ба саломатӣ то кадом андоза зарар дорад, аҳолии шаҳри Душанбе ва ҳатто шаҳру ноҳияҳои кишварамон барзиёд аз он истифода мебаранд. Шояд қисме аз шаҳрвандони мамлакат аз зарари истеъмоли хӯрокҳои тезтаёр хабар дорад, вале ин ҳамаро нодида мегиранд.
Имрӯзҳо дар бозору боғҳои фарҳангӣ, марказҳои фурӯш, мактабу донишгоҳҳо ва шафати роҳҳо нуқтаҳои фурӯши ғизоҳои тезтаёрро во хӯрдан мумкин аст, ки бозори гарм ва муштариёни зиёд дорад. Дар баробари ҷавонону наврасон, инчунин волидон низ барои худ ва кӯдаконашон хӯрокҳои тезтаёр ба монанди хотдог, шаурма, гамбургер, чизбургер, питсо харидорӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин маҳсулоти хурокӣ асосашонро нон ташкил медиҳад, бо истифода аз маводҳои ковоккунанда омода мешаванд, ки ба саломатӣ зарар доранд. Ба гуфтаи Сафаралӣ Абдулло корманди Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим, истеъмоли бардавом ва аз меъёр зиёди нон ва маҳсулотҳои нони боисӣ фарбеҳӣ, фишорбаландӣ ва ниҳоят ба бемории саратон оварда мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки истеъмоли нодурусти ғизо ва обутоб надодани бадан сабаби асосии гирифтор шудани организм ба ҳар гуна бемориҳо мегардад. Сафаралӣ Абдулло корманди Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки истеъмоли ғизоҳои нонӣ ва миҷозашон сахт дар шомгоҳон аз як тараф боиси таҷзия нагардидану ба равған табдил шуданаш дар организм шавад, аз тарафи дигар ба системаи ҳозима зарар мерасонад.
Бояд гуфт, ки беҳаракатию танбалӣ ҳам барои пешбурди ҳаёти солим ва фаъолияти босуботи майнаи сари одам низ таъсири худро дорад. Бо пайдо гардидани техника ва технологияи навин кори мо аз як тараф осон гардида бошад, аз тарафи дигар боиси танбалӣ ва камҳаракӣ мегардад. Аммо бояд дар назар гирифт, ки на ҳамаи сокинону наврасон ва ҷавонони мо техника ва технологияи муосирро ба манфиати корӣ истифода мебаранд. Қисме аз аҳолӣ соатҳои дароз дар телефон ва комптерҳояшон видиоҳои ҳархела, сериалҳо тамошо карда, бозиҳои интернетӣ анҷом медиҳад. Ба гуфтаи Сафаралӣ Абдулло корманди Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим, истифодаи аз ҳад зиёди техника ва технологияи муосир ба хасташавӣ, беҳолӣ ва танбалӣ оварда мерасонад. Ҳамчунин ин ҳолат ба майнаи сар ва воситаи биноии кас таъсири манфӣ мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки пешбурди тарзи ҳаёти солим аз дарк ва фаҳмиши ҳар як шахс вобаста аст. Агар ҳама чизро ба меъёру ба манфиати худ истифода барем, соломатии худ ва наздиконамро ҳифз карда метавонем. Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар оянда, дар навбати аввал волидонро зарур аст, ки худ намуна бошанд ва фарзандони худро бе назорат нагузоранд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»