Баргузории Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд  оид ба ҳифзи пиряхҳо, Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони давлатҳои Осиёи Маркпзӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, коршиносону олимони соҳа ва намояндагон аз вазорату идораҳои марбута ширкат доштанд. 

Дар ифтитоҳи кори Форум гуфта шуд, ки тағйирёбии глоабалии иқлим ва гарм шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологист, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ баргузоии ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки Ҷумҳурии Тоҷикстон бевосита ташабускори ин ҳамоиши сатҳи баланд аст ва барои тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи СММ ташаббусҳои мутақобиларо ба роҳ мондааст.   

Инчунин дар рафти Форуми мазкур  аз ҷониби шарикон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ  умдатарин масъалаҳо вобаста ба мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо ва криосфера дар минтақа ва ҷаҳон маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардида, изҳори умедворӣ карда шуд, ки  аз ҷониби коршиноосону мутахасисони соҳа барои ёфтани ҳалли маълумотҳои дақиқ бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ таввасути баргузории тадқиқоту мониторинги илмии алоқаманд дар ҳалли ин мушкилот пешниҳод хоҳад шуд.