Имрӯз дар меҳмонхонаи Румӣ бо ташаббуси МД “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- АМИТ бо иштироки олимону коршиносони дохиливу байналмилалӣ Конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони «Омӯзиши вазъи муосири криосфераи Тоҷикистон ва саҳми он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур директори МД “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- АМИТ Назриаллоҳ Шерализода аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ки рӯзҳои 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душнбе баргузор мегардад, ёдовар шуда таъкид намуд, ки натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар ин конфронс имкони муаррифӣ ва коркардро дошта, дар шаш соли фаъолият олимони Тоҷикистон аллакай ба дастовардҳои хуби илмӣ дар самти илми криосфера ноил гардидаанд. Ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом дар мавриди ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои обу иқлим ҳозиринро бори дигар ёдовар намуд.
Дар конфронс оид ба обшавии пиряхҳо ва роҳҳои кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба ин раванд аз ҷониби олимон корҳои илмӣ тадқиқотӣ муаррифӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ бо олимони Шветсария хуб аст ва бояд он боз ҳам рушд кунад. Мутахассисони соҳа пешниҳодҳои худро вобаста ба роҳҳои нави обёрии замин, тадбирҳо дар самти кам намудани таъсири гармшавӣ ба муҳити зист, истифодаи озмоишгоҳҳои замонавӣ дар омӯзиши криосфера, тавсеаи ҳамкориҳои олимони минтақаву ҷаҳон дар ҳифзи пиряхҳо иброз доштанд.
Таъкид карда шуд ки баъзе аз хулосаҳои конфронси имрӯза дар чорабиниҳои канории Конфронси сатҳи баланд вобаста ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳод хоҳанд шуд.
Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»