Конференсияи илмӣ — назариявӣ доир ба Абумансури Мотуридӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо ибтикори Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломшиносии кишвар роҳандозӣ гардида, он ба муносибати 1155 солагии олими бузург, асосгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ бахшида шудааст.

Дар конференсия Абдулло Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сулаймон Давлатзода раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар, Абдураҳим Холиқзода директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони донишгоҳҳои кишвар, инчунин донишмандону муҳаққиқони соҳаи дин иштирок намуданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки Абумансури Мотуридӣ яке аз шахсиятҳои донишманде аст, ки барои рушди илму фарҳанг ва ташаккули мазҳаби ҳанафия саҳми арзанда гузоштааст. Қайд гардид, ки каломи таҳаммулгароёна ва фалсафии ӯ барои пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ нигаронида шуда буд ва мусалмонон ба роҳи дурусти диннӣ, раҳму шафқат ва саодати рӯзгор даъват мекард.

Конференсияи мазкур аз се бахш иборат буда, то бегоҳи имрӯз идома мекунад. Бахши сеюми он баъди нисфирӯзӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам идома мекунад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»