Меҳмонони баландмақом ба Душанбе ташриф меоранд

Шуруъ аз пагоҳ шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад. Аллакай ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур қисме аз роҳбарон ва намояндагони созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилаӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳамзамон имрӯз ва пагоҳ низ ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон идома меёбад. Аз ҷумла ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо пагоҳ Муовини аввали президенти Эрон — Муҳаммадризо Ориф, муовини сарвазири Ҷумҳурии Булғористон -Атанас Закиров, муовини Сарвази Шоҳигарии Лесото -Ҷастис Нтҳоменг Маҷара ба Тоҷикистон меоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар маҷмуъ намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд.

Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.