Аз 10 то 30 июн даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (ИМД-2025) баргузор мегардад. Дар ин хусус Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсоне, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ номнавис карда натавонистанд, гузаронида мешавад.
Довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо даври дуюми бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Ин довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.