Дирӯз, бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудй дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни суханронии худ, баргузории ҳамоиши мазкурро барои мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба истифодаи босамари имкониятҳои сармоягузории кишвар ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак даъват ба амал овард.
Президенти Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ Ҳасан АлҲувайзӣ дар чорабини қайд намуд, ки робитаҳои самараноки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо дарназардошти зарфияту имкониятҳои мавҷуда метавонад барои пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти муносибатҳои фарҳангӣ байни ду кишвар заминаи устувор гузорад.
Дар фарҷом,ҷонибҳо доир ба муҳимияти ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди энергияи сабз, ҳамкориҳои байнибонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фанновариҳои навин, инчунин иштироки ширкатҳои саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифоқа расиданд.
ГУЛРӮ НИЁЗОВА,
радиои «Тоҷикистон»