Мизи гирд доир ба «энергияи сабз» бахшида ба «Соли ҳифзи пиряхҳо» дар МТС

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2025 — «Соли ҳифзи пиряхҳо» мизи гирд дар мавзӯи «Татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаккули «энергияи сабз» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор, коршиносону олимони соҳа ва дигар сохторҳои мухталифи кишвар иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаи «энергеяи сабз» табодули назар намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ҳамоиш таҳлили вазъи рушди «энергияи сабз» ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар заминаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетика ва дурнамои нишондиҳандаҳои он ба шумор меравад.

Инчунин дар кори чорабинӣ масъалаҳои нақши иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини амнияти энергеткӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди «энергияи сабз» дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои нишондиҳандаҳои он, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика ва тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд, самтҳои баланд баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар заминаи рушди «энергияи сабз», роҳҳои асосии таъмини рушди устувор дар доираи тадбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2037, мавқеи саноати инноватсионӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар самти расидан ба саноаткунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба «энергияи сабз» мавриди таҳлил ва баррасии олимону коршиносон қарор гирифт.