Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишнома ба имзо расид

21 май байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, Созишнома дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, профессор Керим Тахиров ба имзо расид.

Ҳамчунин  дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ташкил гардида, вохӯрии директорони китобхонаҳо доир шуд.

Ҷумахон Файзализода  иброз намуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи имзои Созишнома аз ҷониби Озарбойҷон барои гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ба Китобхонаи миллӣ китобҳо ба забони озарбойҷонӣ тақдим гардиданд.