Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сиёсати давлатии ҷавонон: дастовардҳо ва дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, конференсияи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат роҳандозӣ гардида, дар он раиси ин Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода, мушовири бахши Ёрдамчиёни Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Орзу Ҳамидиён, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва ҷавонони фаъоли вазорату идораҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инкишофи ҷавонон дар ҳама соҳаҳо, шароиту имконот фароҳам оварда шуда, онҳо дар вазорату кумитаҳо ба кор ҷалб гардида, ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.

Қайд гардид, ки сол аз сол гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию эксромистӣ кам гардида, дастовардҳои онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ зиёд гардида истодааст.