Таҷлили рӯзи парчам дар ноҳияи Файзобод

Соли равон маротибаи  ёздаҳумаст, ки дар саросари кишварамон рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил карда мешавад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар ноҳияи Файзобод ҳам дар доираи  қоидаҳои беҳдоштӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   сазовор таҷлил гардид. Қабл аз баргузории  чорабинии  идона, сокинони ноҳия, хоса ҷавонон  дар кӯчаи марказии ноҳия, ки номи  асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро дорад роҳпаймоии  идонаро доир намуданд, ки даҳҳо ҷавонон  парчамҳо дар даст  зери садои мутантан дар он  ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод Абдулло Азизов, ки дар  ин роҳпаймоӣ ширкат дошт чунин иброз намуд, ки:

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод Абдулло Азизов

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумлаи робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳанг бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар бинои созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст”.

 

Сипас дар  толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо баланд шудани  садои Суруди миллӣ  чорабинӣ  оғоз ёфт. Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода,  ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида дар давоми як сол ба анҷом расид.

 

Қироати шеърҳо дар васфи Пачами  миллӣ, ки аз ҷониби  як зумра ҷавонон садо дод, чорабиниро шукуҳи  тоза бахшид.

Сипас як зумра  сокинони  фаъоли ноҳия  ба ифтихори  Рӯзи  парчами миллӣ  бо Ифтихорномаҳои  раиси  ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин  дар доираи таҷлил аз Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоатҳои деҳоти  ноҳия як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла  ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Чилчашмаи  Ҷамоати деҳоти  Бӯстон, осиёб ва маркази хизматрасонӣ дар деҳаи  Сомониёни Ҷамоати деҳти  Меҳробод, бинои  дорухона ва  мағозаи молҳои рӯзгор дар деҳаи  Сари Чинори  Ҷамоати  деҳоти  Ҷавонон  ва чанд иншооти дигар дар деҳоти  Чашмасор ва  Мискинобод аз ҳамин қабиланд.

Нуралӣ Давлат,   Низомиддини Шамсиён

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *