Имрўз дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хайриявии «Музаффар» Намоишгоҳи хайриявии гулу растанӣ таҳти унвони “НЕКӢ БИКОР”, баргузор гардид.
Дар Намоишгоҳ шумораи зиёди мутахассисон оид ба гулу растанӣ, соҳибкорони соҳа ва дӯстдорони ин намуди маҳсулот иштирок намуданд. Дар ин намоиш аз ҷониби гулпарварон ва флористҳои касбӣ дарсҳои маҳоратӣ гузаронида шуда, иштирокдорон имкон ба даст оварданд то оид ба парвариш ва нигоҳубини гулу растанӣ, пору ва ғизо барои растанӣ тавсияҳои муфидро дастрас намуда, гулу гулдонҳои дилхосташонро харидорӣ намоянд.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрў Ниёззода, Фонди хайриявии «Музаффар» тасмим гирифтааст, ки як миқдор маблағи дар Намоишгоҳи хайриявии гулу растанӣ таҳти унвони “НЕКӢ БИКОР”, ба даст омадаро ба шахсони бемории саратон ҷудо намояд. Инчунин ташкилкунандагон мақсад доранд, ки таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба масъалаҳои пешгирии бемории саратон ва зарурати ташхиси бармаҳали ин беморӣ ҷалб намоянд. Аз ин рў лоиҳаи “Зиндагӣ бидуни саратон”- ро маҳз бо ҳамин мақсад амалӣ намудаанд.