ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР КИШВАР

Имрӯз дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мавсими нави сайёҳӣ оғоз бахшида шуд.

Кормандони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони ВАО,  фаъолони ҷомеа, блогерон  бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии мамлакат ба 12 хатсайри сайёҳӣ ба сафар баромаданд.

Сайёҳони дохилӣ дар Майдони Истиқлол ҷамъ шуда, аз онҷо ба хатсайрҳо раҳсипор гардиданд.  Хатсайрҳо тамоми манотиқи ҷумҳуриро фаро гирифта, сайёҳонро бо ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъхои зебову нотакрори диёр  ошно хоҳад кард.

Дар огози маросими кушодашавии мавсими сайёҳӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистлн   Ҷамшед Ҷумхахонзода ширкаткунандагонро  аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар  бори дигар огаҳ намуда, зикр кард, ки бояд мо дар рушди сайёҳии дохилӣ саҳмгузор бошем ва аз мавзеъхои зебои Ватан дидан кунем. Набояд фаромӯш кард, ки рушди сайёҳӣ метавонад  дар пешравии ҷомеа, беҳтар гардидани вазъи иқтисодии кишвар  нақши  муассире гузорад.

Хотиррасон мекунем, сол ба сол сайёҳӣ  дар кишвар рушд мекунад ва ҷуғрофияи сайёҳон низ васеъ гашта, аз ин ҳисоб ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд  ва маблағҳои зиёде  ба буҷаи давлатӣ ворид мегардад.

Шоистаи Аҳмад

радиои «Тоҷикистон«