29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисорот ба бинову иншоот бар асари заминларзаи шадид дар Шоҳигарии Таиланд боиси тассуфи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Таиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».