Имрӯз суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири муҳтарами Покистон мубодилаи табрикотро ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр анҷом доданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро иброз намуда, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Покистон бо изҳори қаноатмандӣ аз раванди афзоишёбандаи рушд ва тавсеаи робитаҳои ду кишвар ёдовар шуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатиро ҳамчун омили калидии пешбурди минбаъдаи шарикии ду кишвар таъкид карда, рӯзномаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистодаро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима карданд.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.