Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма Мин Аунг Хлайн

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма муҳтарам Мин Аунг Хлайн барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Сарвазир,

Хабари заминларзаи шадид дар кишвари ба мо дӯсти Мянма, ки бар асари он шумораи зиёди одамон ҷон бохтаву осеб дидаанд ва ба бинову иншшооти сершумор хисорот ворид гардидааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми кишваратон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».