“Модар фариштаи меҳру шафқат”. Таҳти ин ном чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Кангурт” чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ, таҳти унвони “Модар фариштаи меҳру шафқат” бо иштироки занону бонувони шинохтаи кишвар, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, роҳбарони вазорату кумитаҳо, олимону донишмандон, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ муқими Тоҷикистон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат доир гардид.

Дар ибтидои ҳамоиши идона, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода занону бонувонро ба муносибати “Рӯзи модар” табрик намуда, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону бонувон фароҳам гардида, занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.

Инчунин, дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ занонро ба Рӯзи Модар муборакбод намуда, ёдовар шуд, ки занону духтарон ҳамеша таҳти ғамхорию сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯзҳо занону духтарони тоҷик дар тамоми сохторҳои давлатӣ дар радифи мардҳо сарбаландона фаъолият менамоянд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ба сухан баромада, занону духтаронро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ба муносибати “Рӯзи модар” табрику муборакбод намуданд. Номбурда иброз дошт,ки занон дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дошта, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама маърӯзаҳову суханрониҳояшон дар анҷуманҳо, маҷлисҳои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ пайваста баланд бардоштани нуфузи занонро таъкид карда, ташкилотҳои ҳизбиро ҷиҳати фаро гирифтани занон бо ибтикори созанда сафарбар менамояд.

Чорабинии идонаро намоишҳои ҷолиби рақсӣ ва суруду таронаҳои дилошӯби ҳунармандони маъруфи кишвар ва монологи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марям Исоева шукуҳу шаҳомати хосса бахшид. Дар анҷоми ҳамоиши идона ба занону бонувон туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»