Ифтитоҳи намоиш таҳти унвони “Дастовардҳои занони олима ва ҳунарманди Тоҷикистон”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Дастовардҳои занони олима ва ҳунарманди Тоҷикистон”  бо иштироки занони фаъоли Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 33 адад ҳуҷҷатҳо, грамотаҳои фахрие, ки олимаҳо, варзишгарзанон, табибон сазовор шудаанд ба маърази тамошо гузошта шуданд. Тамошобинон аз  осори мусаввирони машҳури Тоҷикистон аз қабили Лисиков И. — “Симои варзишгар Зебинисо Рустамова”, Раҳимов А. — “Симои Ҳакимова София.” Шипулин М. — “Симои Тӯтӣ Ғафорова”, Зубреева М. — “Симои Туҳфа Фозилова” ва дигарон ошноӣ пайдо намуданд. Инчунин дар ҳамоиши мазкур маҳсули дасти бонувони ҳунарманди қолинбоф Ашурова Л. — “Баҳор дар кӯҳсор”, Сафарова С. — “Тасвири моҳӣ” Ятимова М. — “Тирамоҳ” ва намунаҳои ҳунари кулолгарӣ низ пешниҳоди меҳмонон  гардиданд.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода,
мақсади намоиш шинос намудани тамошобинон бо фаъолияти бонувони олима ва ҳунарманди тоҷик мебошад, ки дар ҷамъият дар соҳаҳои мухталиф саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ҳамоиши “Дастовардҳои занони олима ва ҳунарманди Тоҷикистон” то 20 марти соли 2025 идома хоҳад ёфт.