Барои кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ семинар доир шуд

Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ таҳти унвони «Китоб — махзани илму маърифат» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид.

Дар семинари мазкур намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони соҳаи китобдорӣ, адибон, директорони китобхонаҳо аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.

Баромадкунандагон оид ба пешбурди соҳаи китобдорӣ, озмунҳое, ки аз тарафи роҳбарияти олии кишвар роҳандозӣ гардидаанд, бошукӯҳу шаҳомат ва идона баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» маърузаҳо намуданд.

Дар охири чорабини гуфта шуд, ки Китобхона ҳамчун муассисаи муҳимми илмӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва тарбиявӣ дар ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии инсонҳо нақши калидӣ бозида, хусусиятҳои иҷтимоӣ пайдо кардани китобро баррасӣ менамояд.

Ёдовар мешавем ,ки ҳамасола ҳафтаи китоби кудакон дар чумҳури моҳи апрел баргузор мегардад.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»