Рӯзи 5-уми марти соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, ки дар он ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, ноиби якум, ноибони ректор ва бонувони Академия иштирок доштанд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон бонувони Академияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфт. Зимни табрикоти худ, қайд намуд, ки зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад.
Бо дарназардошти он ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши муассир доранд, давлат ва ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст, гуфт зимни суханронии худ ректори Академия Даврон Сафарзода.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи баланд бардоштани нақши занону бонувон ва ба масъалаҳои баробарии гендерии онҳо диққати махсус дода шудааст. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон мустаҳкам гардида, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модарии хеш, инчунин дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ бо заҳмату ташаббусҳои созандаи худ дар рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии мамлакат нақши созгор доранд.
Ректори Академия ибрози андеша кард, ки дар симои бонувон натанҳо модару хоҳар ё ҳамсар, балки сиёсатмадори машҳур, олими забардаст, соҳибкори муваффақ, омӯзгори меҳрубон, донишманди асил, мураббии наслҳо, ҳомии Ватан ва ҳамшираи ҳозиқро мебинем, ки ин боиси сарафрозиву болидагӣ ва ифтихори мост.
Дар маҷлиси тантанавӣ доир ба фаъолияти бонувони Академия сухан рафт. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бонувони Академия дар радифи занону бонувони мамлакат дар тарбияи насли худогоҳи миллӣ ва рушди соҳаи маорифу илм саҳми бевоситаи худро мегузоранд.
Басо рамзист, ки дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзадии 4 нафар занони Академия барои интихоб гардидан ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқ пешниҳод шудаанд, ки дар натиҷа аксарияти овозҳоро соҳиб гардида, сазовори номи вакилӣ шуданд.
Баъди чорабинии тантанавӣ ба хотири болидарӯҳии бонувон барномаи рангин, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия ва сарояндагони маҳбуби кишвар таҳти унвони “Шамъи дил” таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии фарҳангӣ сарояндагон, навозандагон ва ҳунармандони беҳтарини кишвар иштирок намуда, бо сурудҳои дилнишин дар васфи зан-модар ва бо намоиши саҳначаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
