25 феврал дар вохӯрии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода, менеҷери генералии Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs» (MACAP)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Нуруддин Ҳаҷ Ҳусейнӣ ва узви аршади ин ширкат хонум Судобаи Созманд ҳамкории дуҷонибаи донишкада ва ширкат баррасӣ гардид.
Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн хабар доданд, ректори донишкада дар мавриди фаъолияти муассиса маълумот дода, иброз намуд, ки донишкада аввалин муассисаи давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисони сатҳи олӣ омода менамояд.
Зимни пешниҳоди маълумоти менеҷери генералии Ширкати байналмилалии «Pegah Paya Entrepreneurs» гуфта шуд, ки ширкат дар чандин мамлакатҳои мутараққии олам дар самти баргузории намоишу фестивал ва дарсҳои маҳорат аз рӯи равияҳои мӯд ва зебоӣ таҷриба дошта, дорои беш аз 1000 мураббии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни мӯд, тарроҳӣ, дӯзандагӣ ва ороиши намудҳои гуногуни матоъ ва либос мебошад.
Ҷонибҳо барои табодули таҷриба дар самти омӯзиши нозукиҳои мӯду тарроҳии либос, баргузории фестивалу ҳамоишҳои муштарак ва дарсҳои маҳорат бо иштироки мураббиёни ширкат дар донишкада ва омӯзгорони донишкада дар пойгоҳҳои ширкат ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон даъват шуд, ки ҷонибҳо минбаъд дар чорабиниҳои ҳамдигар иштирок намуда, донишу таҷриба ва имконоташонро муаррифӣ созанд.