Корҳои омодагӣ ба бунёди аввалин «Долони сабз»-и намунавӣ дар Тоҷикистон оғоз меёбад

Қитъаи роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи намоишии «Долони сабз» азнавсозӣ карда мешавад. Қарордод барои иҷрои корҳои сохтмонӣ байни фармоишгари лоиҳа – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин 24 феврали соли 2025 дар Душанбе ба имзо расидааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, зери қарордод Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори ширкати «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.» дар Тоҷикистон Мяо Хао имзо гузоштанд. Дар маросими имзои ҳуҷҷат инчунин Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛ ТР) Нурали Арабзода ва мутахассисони ин марказ иштирок карданд.

Лоиҳа босозии шоҳроҳи мавҷудаи фарсудашудаи «Данғара – Гулистон» бо дарозии 49 км – ро пешбинӣ мекунад.     

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани шабакаи миллии роҳҳо бо роҳи бунёди  нахустин «долони сабз» — и намоишӣ (намунавӣ) дар кишвар Бонки Осиёии рушд моҳи ноябри соли гузашта маблағи грантиро дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 23 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд  ба маблағи 40 миллион доллар қарз медиҳад.

Тибқи лоиҳа, роҳи «Данғара – Гулистон», ки дар солҳои 1930-ум сохта,  солҳои 1970-ум таҷдид шудааст, аввалин роҳи автомобилгарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дарбар мегирад. Роҳи дуқатораи мавҷударо то чор қатор васеъ карда,  ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд. Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар карда, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд. Дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол утоқҳои ҷудогона  месозанд, нақлиёти ҷамъиятӣ дорои нишастгоҳҳои имтиёзнок барои  шахсони қобилияташон маҳдуд хоҳад буд.

Азбаски норасоии истгоҳҳои барқпуркунӣ барои электромобилҳо дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи барқпуркунии озмоишӣ сохта мешаванд ва  барномаи  сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар рушди ин бахш таҳия  ва пешниҳод мегардад.

Барои беҳтар кардани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил мекунад.

Аллакай моҳи марти соли равон корҳои омодагӣ оид ба татбиқи лоиҳа оғоз мегардад. Лоиҳа бояд то соли 2030 пурра ба анҷом расад.

Мавриди зикр аст, ки чунин роҳҳо тибқи Дастури БОР ҷиҳати бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.