18 феврали 2025 дар ш. Бангкоки Шоҳигарии Таиланд, зимни баргузории ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои қатънома, дар ҳамкорӣ бо Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Тақвияти ҳамкорӣ дар бахши тағийрёбии иқлим ва иртиботи обӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором” аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди UNESCAP муаррифӣ гардид. Зимни муаррифии ташаббуси Тоҷикистон, Намояндаи кишвар доир ба нуфуз ва нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим, аҳамияти лоиҳаи қатъномаи пешбаришаванда дар таҳкими робитаҳои кишварҳои узви UNESCAP ва расидан ба ҳадафи 6-уми Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ суханронӣ намуда, аз кишварҳои узви ниҳоди мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди қабули қатъномаи мазкур мусоидат сурат гирад.
Муаррифии лоиҳаи қатънома аз ҷониби Тоҷикистон
