Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз парваришгоҳи «Кишвари сабз» боздид намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишвари сабз” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш карда мешаванд.

Мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки тарзу усули кишт ва парвариши онҳо аз ҷониби мутахассисиони соҳибтаҷриба ба роҳ монда шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар масоҳати 2 гектару 20 садяк замин дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтаааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.

Дар гармхона зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо ва дарахтон, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули хонагӣ ва 100 ҳазор гули бисёрсола бо усули муосир ва пешрафтаи ҷаҳонӣ аз тухмӣ кишту парвариш меёбад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд дода, коргаронро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гушаҳои кишвар ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати самимӣ доир намуда, барои зиёд кардани майдони парвариши гулу буттаҳои ороишӣ ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва боғҳои пойтахт супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Бояд гуфт, ки қабули «Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027″ ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» низ баёнгари он аст, ки ин сиёсат муваффақона пеш меравад ва Тоҷикистон дар самти истифодаи энергияи сабз ва дар оянда воқеан ҳам ба як кишвари сарсабз табдил ёфтан қадамҳои устувор мегузорад.