18 феврали соли 2025, тахминан соати 08:30 дақиқа дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаши тамғаи DAF, рақами қайди давлатиаш tj 2169 МН 02, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудааст, ҳангоми аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат карданаш, чаппагардон шудааст.
Ин мошин аз ҷониби як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон идора мешуд.
Ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ барои бартараф намудани ҳолати рухдода сафарбар гардиданд. Соати 21:20 дақиқа гази моеъи автомашинаро ба дигар автомашинаи боркаш холӣ карда, мошинро бошад бо истифода аз техникаи ширкати IRS рост карданд.