16 феврал дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025», ки дар Минск оғоз гардид, нахустин бозиашро анҷом дод, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳарифи дастаи мо дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Беларус буд. Вохӯрӣ бо ғалабаи мизбонони мусобиқа – 1:0 хотима ёфт.
17 феврал дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бозӣ менамояд. Ин вохӯрӣ соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа 19 феврал наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Узбекистон вомехӯранд.