СУТ: Бемории сироятии “Mpox” дар 100 кишвари ҷаҳон ошкор шудааст

Дар гузориши нави Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, ки соли гузашта дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии “маймуни Mpox” 272 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аксари фавтидагонро кӯдакони то 15-сола ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии мубталоён дар саросари ҷаҳон тақрибан ба 125 ҳазор нафар расидааст. Бемории сироятии “Mpox” дар 100 кишвари ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои Африқои Марказӣ ва Шарқӣ ошкор шудааст. Илова бар ин, дар 13 кишвари дигар, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида, 38 нафар ба бемории “Mpox” гирифтор шудаанд.

Дар робита ба ин вазъият табибон аз мардум даъват мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии ин беморӣ ваксина бигиранд.