Вуқӯи 639 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дар як сол

Дар соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ 639 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз 5 феврали соли 2025 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмонализод ба намояндагони ВАО хабар дод.

Гуфта шуд, ки аз ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифта шуда, дар 50 ҳолати он ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расидааст, ки маблағи умумии зарари муайяншуда он 161 млн. 50 ҳазор 100 сомониро ташкил намуда, дар 13 ҳолати ба вуқӯъ омадани он 17 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон зикр карда шуд,ки дар соли 2023 бошад, дар қаламрави кишвар ҳамагӣ 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин шумора дар 48 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 76 млн. 770 ҳазору 210 сомонӣ зарар расида, дар натиҷаи 12 ҳолат бавуқӯъомада 51 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расида буданд.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»